Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона дар ВКД

Дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнвораҳо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри ғанӣ гардонидани хони идонаи кормандон ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардумро доир менамоянд.
6-уми сентябри соли 2025 низ бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шафати бинои Вазорат ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла 1 килограмм гӯшт 65 сомонӣ, як баста тухм 15 сомонӣ, як халта орд 150 сомонӣ, як литр равған 10 сомонӣ, инчунин сабзавоту меваҷоти гуногун ва дигар намуди хӯрокворӣ бо нархи наздик ба 50 фоиз арзонтар нисбат ба бозор ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорони милитсия ва аҳли оилаи онҳо пешниҳод карда шуд.
Бояд қайд кард, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ минбаъд низ баҳри ғанисозии дастархони кормандону собиқадорони милитсия ва дастгирии иҷтимоии онҳо чунин ярмаркаҳоро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Р. Илёсзода

06.09.2025 10:30
144