Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати ВКД вилояти Суғд

5-уми сентябри соли 2025 ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд чорабинии идона доир гардид. Роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи Суғд солгарди навбатии ҷашни умумимиллиро дар фазои тантанавӣ таҷлил намуданд. Ҷамъомади ҷашнӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва сароидани Суруди миллӣ, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ягонагӣ, соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори давлатдори мебошад оғоз ёфт. Дар чорабинӣ ҳайати шахсии дастгоҳи Раёсат, намояндагони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони соҳа ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД иштирок доштанд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло бо маърӯзаи табрикотӣ баромад ва ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ аз номи роҳбарияти ВКД табрик намуд. Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар ҳақиқат мояи ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Он натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ватандӯст, бо нангу номус ва шарафманду озодихоҳи халқи тоҷик аст. Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи 34 сол, марому мақсади истиқлолхоҳии миллат аз таърихи дур то ба имрӯз, амнияту осоиштаги дар Ватан, пешрафту тараққиёт дар тамоми соҳаҳо, матонати хастагинопазир ва хизматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии сардори Раёсат садо дод. Гуфта шуд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда замина фароҳам овард, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик баъди садсолаҳо дар сарзамини аҷдодӣ низоми давлатдории миллиро ба даст гирад. Ҳифзу нигоҳдории соҳибистиқлолӣ, амнияту осоиштагӣ дар Ватан аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокориро талаб менамояд. Дар шароити имрӯза танҳо бо иттиҳоду якдилӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пуштибонии манфиати давлат ва нишон додани садоқат ба Ватан мо метавонем Тоҷикистонро ҳамчун давлати воҳиду пешрафта ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Баҳри пойдорӣ  ва бақои неъмати соҳибистиқлолии Ватан кӯшишҳои мунтазам ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ба истиқболи Истиқлолияти давлатӣ як қатор кормандоне, ки фаъолияти хуби хизматӣ нишон додаанд, бо Фармоишҳои ВКД ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорномаву Сипоснома, Раҳматнома ва рутбаҳои навбатӣ мукофотонида шуданд. 
Қобили қайд аст, ки ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд  2 нафар бо мукофоти давлатӣ, 91 нафар бо Фармоиши ВКД ва 77 нафар бо Фармоиши сардори Раёсат қадршиносӣ карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар ҳамаи шуъбаҳои ВКД дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд баргузор карда шуда, ҳомиёни назму тартибот бо шукргузорӣ аз ободии Ватан солгарди навбатии Истиқлолияти давлатиро бо ифтихори беандоза таҷлил намуданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

05.09.2025 13:26
68