Рух додани ҳодисаи нақлиётӣ бо оқибати нохуш
4-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 09:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Дамаз», Сиддиқов Азизбек Бахтиёрович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Зафаробод», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Суярқулов Бахтиёр Рабимҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Ибрагимова Қаноат Исмоиловна, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















