Китоб манбаи илму дониш!
Бо дастури Вазири корҳо дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо курсантон ва унвонҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В. Я. Кикотя чорабинии мутолиаи китобҳои дарсии Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо забони русӣ, Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ сардори факултети шаҳрвандони хориҷии Донишгоҳи мазкур - номзади
илми ҳуқуқшиносӣ, полковники политсия Пирбудагов Гайдар Нуцалович иштирок намуд.
Мутолиаи китобҳои дарсии номбаршуда аз ҷониби курсантон ва унвонҷӯён ҳамовозии гарм пайдо намуда, онҳо дастаҷамъона ва бо шавқу завқи зиёд ба мутолиа машғул шуданд.
Генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баъд аз анҷоми чорабинӣ курсантону унвонҷӯёнро ба мутолиаи пайвастаи китобҳои илмию бадеӣ, омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуд.
Ҳамзамон китобҳои дарсии Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо забони русӣ, Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В. Я. Кикотя тақдим карда шуданд.
Чорабинии мазкур баҳри баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва такмил додани маҳорату малакаи касбии курсантону унвонвӯён мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба



























