Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тақозои замон
Дар шароити кунунӣ забонҳои хориҷӣ, ба хусус англисӣ ва русӣ, забонҳои байналхалқӣ, забонхои техника ва технологияҳои нав ва забонҳои муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ буда, бо чандин кишварҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст, ки омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи мутахассисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрӣ ва мулоқоту суҳбатҳои хеш донистани забонҳои хориҷиро ҳатмӣ ва зарур шуморида, бар он таъкид менамоянд, ки омузиши забонҳои хориҷиро дар миқёси кишвар боз ҳам дучанд намоянд.
Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарият ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарӯрӣ андешида шудааст.Аз ҷумла, фармоиши Вазири корҳои дохилӣ “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, таҳти назоратбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад. Дар асоси талаботи фармоиши мазкур ва дастуру роҳнамоиҳои Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории мақомот, дарсҳои забони хориҷӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ дар машғулиятҳо иштирок мекунанд.
Бо мақсади назорату санҷиш ва натиҷагирӣ аз рафти таълим, сатҳи забондонӣ ва муоширати кормандон бо забонҳои хориҷӣ - Комиссияи санҷиши сатҳи забондонӣ дар ВКД таъсис дода шудааст, ки ба он кормандони ботаҷрибаи Вазорат шомил мебошанд. Баъди ба роҳ мондани омӯзиши ин ду забони хориҷӣ ҳайати комиссия санҷишҳои методию амалиро дар ин самт шуруъ намуданд.
Санаи 3 ва 4-уми августи соли равон ҳайати шахсии шуъбаву хадамоти дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар ВМКБ дар ҳузури аъзоёни комиссияи марказӣ- муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Каримзода Э.Ҳ., сардори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД, полковники милитсия Давлатшозода А., омӯзгорони фанҳои забони рӯсӣ ва англисии Академия, полковникҳои милитсия М.З, Зиёратшозода, Р.М, Мақсудзода ва сарнозири Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, подполковники милитсия Бобоев Т.А. аз забонҳои русӣ ва англисӣ имтиҳон супориданд.
Ҳайати комиссия баҳри муайян кардани сатҳи забондонӣ ба воситаи саволномаҳои тестӣ ва муоширати мустақим аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ санҷиш гузарониданд. Ҳайати шахсии дастгоҳи марказии РВКД дар ВМКБ донишҳои назариявӣ ва маҳорати забондонии худро нишон доданд.
Фаъолияти Комиссия дар дастгоҳи марказии РВКД ВМКБ идома дошта бо қоидаҳо ва тартиби муайяншуда сатҳи забондонии ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсати мазкур то ба охир санҷида мешавад.


















