Ҳалокати ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ
3-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Вокси”, Сатторзода Фарҳоди Абдуалӣ, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Батош ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Тоҳирзода Судобаи Некрӯз, соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри Турсунзодаро паҳш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Тоҳирзода С.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
3-юми сентябри соли 2025, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Алибоев Шоҳиҷаҳон Дилшодович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар 204-ум километри шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Алибоев Ш.Д. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















