Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини ноҳияи Панҷ, 28-уми сентябри соли 2025, дар болопӯши навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №152 шаҳри Ваҳдат чӯбу тахтапораҳоро ҷамъоварӣ намуда, бо истифода аз оташгиронкунак (зажигалка) оташ задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















