Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми дуздии мототсикл
Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ бо ариза марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 31-уми августи соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, аз кӯчаи 50-солагии ҳамин ноҳия шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад мототсикли дучархаи тамғаи “Супералмаз”, ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Панҷ содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.


















