Милитсия ҳамеша ба халқ ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқ хоҳад монд!
Дар чорабинии тантанавие, ки рӯзи 3 сентябр дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, кормандону собиқадорони милитсия ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Дар оғози ин ҷамъомади пуршукӯҳ, ки ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуд, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода суханронӣ намуд. Мавсуф бо ёдоварӣ аз роҳҳои расидан ба Истиқлоли давлатӣ, иброз намуд, ки «Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, алалхусус мо - тоҷикон, беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандорӣ, инчунин ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, шароит фароҳам овард, ки дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт - сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.
Ин неъмати бебаҳо имкон дод, ки мо бо дастовардҳои таърихӣ, маданияту фарҳанги оламшумул ва эъҷози сулҳофарию тамаддунпарварӣ ба ҷаҳониён исбот намоем, ки Тоҷикистон кишвари куҳанбунёд буда, дар тули таърихи ҳазорсола бо осору эҷоди гаронбаҳои фарзандони донишманди худ машҳур гардидааст”.
Дар идомаи маҳфили идона, ҳамзамон аз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дар минбаъда устувору пойдор нигоҳ доштани дастовардҳои он ёдоварӣ карда шуд. Дар ин замина Вазири корҳои дохилӣ қайд намуд, ки “Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикону тоҷикистониён ба ҳадафу мақсади ҳазорсолаи худ, ки аз бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва як давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда иборат буд, расиданд”.
Зикр карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки фаъолияти муназзами тамоми бахшҳо, аз ҷумла соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои низомиву қудратӣ таъмин гардад ва вобаста ба тақозои замону фазои орому осудаи кишвари соҳибистиқлол дар сохторҳои он воҳидҳои нав ташкил карда шаванд. Табиист ки аз ин раванди созанда мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар саросари ҷумҳурӣ низ истисно нест.
Омили фароҳам намудани шароити мусоиди кору хизмат барои ҳайати шахсии ин мақомоти бонуфузи давлатӣ сабаб гардид, ки натиҷаҳои фаъолияти хизматии кормандони ниҳоди мазкур бамаротиб хубтару беҳтар шуда, оромиву суботи ҷамъиятӣ таъмин карда шавад. Ҳамаи ин боис гардид, ки ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ бо нишон додани салоҳияти баланд дар иҷро намудани вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ боварии роҳбарияти олии мамлакатро сазовор гардад.
“Дар суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ранҷу заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ёдовар гардида, ба фаъолияти шабонарӯзии кормандони ин ниҳод баҳои баланд медиҳанд.
Баҳои баланд беҳтарин нишони қадршиносии шахсияти барҷастаи давлату миллати тоҷик, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, моро водор месозад, ки вазифа ва уҳдадориҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намоем. Зеро дар тули ин солҳо бо дарки баланди масъулият кормандони мақомоти корҳои дохилӣ содиқона хизмат намуда, дар пойдорӣ , таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас доранд”.
Дар идомаи чорабинии идона, инчунин оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешарониҳо сурат гирифта, иброз гардид, ки ҳамаи ин иқдомоти роҳбарияти олии Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси баланд шудани нуфузу обрӯи Ватани маҳбуби мо дар арсаи байналмилалӣ хоҳад гардид.
Дар идомаи ин чорабинии бошукӯҳ котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо камоли сарфарозӣ ҳозирин ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҳукумати мамлакат бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, қайд кард, ки тули 34 соли соҳибистиқлолӣ ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон Тоҷикистони мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
«Ба ҳамаи ин пешрафту дастовардҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, посдории волоияти қонун, пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва оромиву осоиштагии мардуми кишвар саҳми шумо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ калон аст», - илова намуд ӯ.
Дар қисмати дигари ҷамъомади бошукӯҳ 41 нафар хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ барои нишон додани масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳо, ошкору пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва саҳми намоён гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва зиёда аз 600 нафар бо мукофотҳои соҳавӣ, 21 нафар бо рутбаҳои махсуси навбатии полковникӣ, инчунин зиёда аз 40 нафар бо рутбаҳои махсуси навбатӣ як зина боло аз вазифаи ишғолнамудаи штатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мукофотҳоро дар фазои тантанавӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод супориданд.
Дар интиҳои чорабинии тантанавӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо изҳори сипоси бепоён ба роҳбарияти олии давлат, алалхусус ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки минбаъд низ ба Савганди ёднамудаи хеш содиқ монда, ба халқу давлати соҳибистиқлоли тоҷикон хизмати садоқатмандона хоҳанд кард.
Р. Илёсзода,
У. Олим,
Т. Латипов




















