Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ҷоизасупории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

1-ум то 3-юми сентябри соли 2025 бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Тавре қаблан хабар дода будем, маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, баргузор гардида буд.
Рӯзи 3-юми сентябр маросими пӯшидашавии мусобиқаи мазкур доир гардида, ҳакамон ҳамаи ғолибону ҷоизадоронро муайян ва маҳорати инфиродӣ ва даставии варзишгарон бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. Ҳамзамон Ҷому ҷоизаҳои Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар фазои тантанавӣ ба ғолибон супорида шуд.
Ҳамин тавр дар ҳайати даставӣ мақоми аввалро варзишгарони Федератсияи Россия, ҷойи дуюмро варзишгарони Беларус ва ҷойи сеюм насиби дастаи Ҷумҳурии Қазоқистон гардид.
Мавриди қайд аст, ки варзиши намуди шиноварӣ солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии шиноварии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумӯъ ёфта, барои машқу тамрини шиноварон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, то онҳо машқу тамринро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳониву байналхалқӣ иштирок намоянд ва парчами кишвари моро баланд бардоранд.
Гул Маҳбуба

03.09.2025 18:31
49