Боздошт гардидани ҷавонзани 25-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми августи соли 2025, тахминан соатҳои 21:00, “Мавзуна” ном шахс ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра Ҷ” савор шуда, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили воситаи нақлиёти мазкур 19 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















