Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати якчанд нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

31-уми августи соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Саидов Самариддин Фазлиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Восеъ, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони барқӣ Ризоев Зокир, соли таваллудаш 1990, сокини ҳамин ноҳияро, ки бо ҳамроҳии писари хурдсолаш Ризоев Судайс Зокирович, соли таваллудаш 2021, ҳаракат мекард пахш намудааст. 
Дар натиҷа, хурдсол Ризоев С.З. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ризоев З. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
31-уми августи соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», Аҳроров Аюбҷон Аброрович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Пулотов Абдувалӣ Абдуваҳобович, соли таваллудаш 1997, ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Пӯлотов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
1-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуллоев Хайр Абдуалимович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Мухторов Аслиддин Журахонович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Левакант бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳакимбоева Фотима Алиевна, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Кӯшониён ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандагони ҳарду воситаи нақлиёт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

02.09.2025 8:46
24