Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 58-солаи сокини ноҳияи Восеъ, моҳи октябри соли 2024, бо роҳи фиреб боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ техникаи боркунаки механикии (мехлопат) тамғаи “СД ЛҶ-953”-ро ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, аз ин маблағ 20 ҳазор сомониашро дода, ваъда додааст, ки боқимонда 260 ҳазор сомонии дигарашро баъд аз 12 рӯз медиҳад.
Гумонбаршаванда техникаи механикии дар боло зикршударо ба дигар шахс фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи майи соли 2024 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ»-ро тариқи насия ба маблағи 880 ҳазор сомонӣ савдо карда гирифта, бо ваъдаи он, ки ду адад хонаи истиқоматӣ аз ҶДММ “Анас ва Кабир сохтмон” ба насия гирифта медиҳад ва худ то моҳи феврали соли 2025 пардохт карданро ба уҳда гирифта, ҳамчун пешпардохт 50 ҳазор сомонӣ дода, автомашинаи мазкурро ба дигарон фурӯхта, боқимонда маблағҳои пулиро то инҷониб пардохт накардааст.
Инчунин ӯ такроран моҳи майи соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ-520»-ро, тариқи насия бар ивази 200 ҳазор сомонӣ савдо карда гирифта, аз ин маблағҳо танҳо 28 ҳазор сомониро пардохт намуда, автомашинаи мазкурро ба дигарон фурӯхта, боқимонда маблағҳои пулиашро то ин ҷониб барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















