Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард

30-юми августи соли 2025, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Авентра”, Таҷибаев Алишер Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Кӯшониён дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучархаи барқии “Скутер” таҳти идораи Абдуллоева Насиба Сафаралиевна, соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарони барқӣ Абдуллоева Н.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
31-уми августи соли 2025, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Сарбаров Акмал Абдижаборович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” дар ҳудуди деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Регари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Маҳмадхонов Улуғбек Юсуфович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Нозимов Дониёр Авғонович, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Турсунзода, ки ба самти шаҳри Турсунзода ҳаракат мекард, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмадхонов У.Ю. ва мусофиронаш Маҳмадхонова Махсуда, соли таваллудаш 1949, Маҳмадхонов Рустам, соли таваллудаш 1976, Яшаров Шерали, соли таваллудаш 1978,  сокинони ноҳияи Файзобод ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расида, мусофири дигараш Маҳмадхонова Холида, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи мазкур ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нозимов Д. А. ва мусофиронаш Сайдуллоева Гузал Газимовна, соли таваллудаш 1984, Мизбаева Ирода Рамазоновна, соли таваллудаш 2007, сокинони шаҳри Турсунзода ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Соната”, Сарбаров А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
31-уми августи соли 2025, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Саидов Ҳикмат Алиевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Ҳисор” аз самти кӯчаи Ҷанубӣ ба самти шаҳри Ҳисор дар рӯбарӯи маҳаллаи Дарёободи шаҳри Душанбе пиёдагарди ноболиғ Неъматуллозода Муҳаммад Миралӣ, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ Неъматуллозода М.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз тарафи ронанда ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

01.09.2025 8:59
62