Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани ноболиғ

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи хӯроквориаш 25 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 13-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

01.09.2025 8:57
29