Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми августи соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бэнс”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, даромада аз онҷо 14 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 55-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми августи соли 2025, тахминан соати 01:45-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Деҳнаваки боло қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз онҷо 350 сомонӣ, 3-адад ноутбук, 2-адад диски хотиравӣ ва ҷавоҳироти гуногуни нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 21 ҳазору 350 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ 23-юми июни соли 2025, тахминан соати 00:50-дақиқа, ба хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини пойтахт даромада, аз онҷо 10 ҳазор сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.














