Дастгир гардидани марди 52-сола барои қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми августи соли 2025, тахминан соати 19:00, дар хонаи истиқоматии марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба шиками ҷабрдида зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, баъдан дар шкъбаи эҳё вафот кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















