Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ноболиғи 16-сола барои авбошӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда тахминан соати 23:30-дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Б.Ғафуров қарор доштанаш бо ноболиғи 16-солаи сокини пойтахт баҳсу муноқиша карда, бо корд 6 маротиба ба қисмати сар ва бадани ҷабрдида зарба зада, ӯро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

30.08.2025 8:35
17