Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нафаре, ки бо корд ба кормандони полис ҳуҷум кард, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест

27 августи соли 2025 дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабар ва навори видеоӣ дар хусуси ҳамлаи мусаллаҳонаи як нафар бо корд ба кормандони полис ва муқовимати мусаллаҳонаи ӯ ҳангоми дастгиркунӣ дар шоҳроҳи Шёлковскии шаҳри Москваи Федератсияи Россия паҳн гардид, гуё ки шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Ҳамзамон аз ахбороти нашршуда бармеояд, ки гӯё дастгиршуда қаблан ба кормандони полис ҳамла намуда, ба сӯи онҳо шишаи сӯзишвориии таркандаи «Коктейл молотов» доштаро партофтааст.
Муайян карда шуд, ки дастгиршуда Кунҷумов Шерафган Муминҷонович, соли таваллудаш 1999, зодаи вилояти Саратов буда, шаҳрванди Федератсияи Россия мебошад.
Тибқи маълумотҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ному насаби Кунҷумов Ш.М. ягон маротиба шиносномаи миллӣ ва ё хориҷӣ ба ӯ дода  нашудааст, яъне шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад.
Номбурда соли 2017 аз ҷониби Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Ӯ муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии ИТ-6 шаҳри Клинтси вилояти Брянск адо намуда, моҳи майи соли 2025 ба озодӣ баромадааст.

28.08.2025 13:49
103