Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон донӣ - ҷаҳон донӣ!

Пас аз ба тасвиб расидани  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ”  бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, дар тамоми ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси фармоишу талаботи дахлдор ва дастуру ҳидоятҳои Вазири корҳои дохилӣ дарсҳои забони хориҷӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаи забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ҳайати шахсӣ дар машғулиятҳо фаъолона иштирок мекунанд. 
Бо мақсади муайян намудани  рафти баргузории дарсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, натиҷагирӣ аз рафти забономӯзӣ, сатҳи забондонӣ ва муоширати ҳайати шахсӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ  бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2024, № 788   Комиссияи марказӣ оид ба санҷиши сатҳи забондонӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба он Раиси Комиссия - муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал - майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, муовини раиси комиссия - муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД,  полковники милитсия Каримзода Э.Ҳ., аъзоён - сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал -майори милитсия Насуриён П.А., муовини сардори Раёсати нозиротӣ - ташкилии ВКД, полковники милитсия Қурбонзода В.Н., муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Ҳалимзода З.С., сардори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД, полковники милитсия Давлатшозода А., омӯзгорони фанҳои забони рӯсӣ ва англисии Академия, полковникҳои милитсия М.З, Зиёратшозода, Р.М, Мақсудзода ва сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии  Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Миршамсзода М.Х, шомил буда, баъди гузашти марҳилаи аввал ҳайати ин комиссия санҷишҳои методию амалиро дар ин самт шуруъ намуданд.  
Рӯзи 28 августи соли 2025 ҳайати шахсии дастгоҳи марказии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт аз забонҳои русӣ ва англисӣ имтиҳон супориданд. Ҳайати комиссия баҳри муайян кардани сатҳи забондонӣ тавассути саволномаи тестӣ ва муоширати мустақим аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз ҳайати шахсӣ имтиҳон гирифтанд. Ҳайати шахсӣ дар назди Комиссияи марказӣ оид ба санҷиши сатҳи забондонӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҳои андухта ва маҳорату малакаи забондонии хешро нишон доданд. Минбаъд низ санҷиши  сатҳи забондонӣ ва  марҳилаи навбатии машғулиятҳои забономӯзӣ идома меёбанд.
Фаъолияти Комиссия дар Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт идома дошта, бо тартиби муайяншуда сатҳи забондонии ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ то ба охир санҷида мешавад. 
Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт

28.08.2025 11:42
122