Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

25-уми августи соли 2025, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», Раҳматов Шуҳрат Шавкатович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров», назди пайкараи нишони «Артиши миллӣ» аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-Сантафе», таҳти идораи Назаров Усмон Қиёмуддинович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Хуҷанд бархӯрда, баъдан ба бетони овезаи «Дуои Модар», назди пайкараи мазкур бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Сантафе», Назаров У.Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», Раҳматов Ш.Ш. дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
25-уми августи соли 2025, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шагман», Табаров Баҳодур Ниёзмадович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба чуқурии 14 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Табаров Б.Н. ва мусофири дохили автомашина ноболиғ Табаров Фируз Баҳодурович, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур ноболиғ Бедилов Хайрандеш Шодибекович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

26.08.2025 8:22
39