Ифшо шудани кирдори қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 41 ва 31-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба боварии зани 37-солаи сокини ноҳияи Қубодиён даромада, дар се марҳила 540 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки шавҳараш марди 36-солаи сокини ҳамон ҷоро, ки барои содир намудани ҷиноят дар боздоштгоҳ қарор дорад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамоянд. Аммо ягон амалро иҷро накарда, ӯро фиреб додаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 247 ва қисми 1 моддаи 295 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















