Суғд: Самаранокии фаъолияти нуқтаи сайёри милитсия дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ”
Кормандони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ”, ки давраи навбатии он аз 10 август оғоз ёфта як моҳ идома хоҳад кард, аз имкониятҳои автомашинаи хизматии “Нуқтаи сайёри милитсия” (НСМ) самаранок истифода мебаранд. Гуфтан ба маврид аст, ки НСМ микроавтобуси махсуси хизматӣ, муҷаҳҳаз бо ҳуҷраҳои корӣ барои шунидани арзу шикоят ва таклифу муроҷиати шаҳрвандон пешбинӣ шудааст. Дар ҳар навбати истифодабарӣ аз ин нақлиёти хизматӣ, гурӯҳи кормандон аз бахшу хадамотҳои милитсия барои хизмат расонидан ба аҳолӣ сафарбар мешаванд. Асосан минтақаҳои дур аз марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо мавриди корбарии НСМ қарор мегиранд.
23 август Нуқтаи сайёри милитсияи дар тобеъияти шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд қарор дошта бо ҳайати кормандони вобастагардида таҳти роҳбаладии масъулини шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсат ба шаҳракҳои Консой ва Чоруқдарони шаҳри Гулистон сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст дар шаҳраки Консой вохӯрии гурӯҳи корӣ бо аҳолӣ сурат гирифт. Чорабинии мазкур дар маҷлисгоҳи МТМУ №3 бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба ислоҳоти милитсия, фаъолон, аҳли ҷамоатчигӣ ва аҳолии касбу кори гуногун, ҷараён гирифт. Дар рафти он масъули шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсат майори милитсия Умед Арслонзода имкониятҳои Нуқтаи сайёри милитсияро ба аҳолӣ муаррифӣ кард. Ин маротибаи дуюм мебошад, ки НСМ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба аҳолии шаҳраки Консой хизматрасонӣ мекунад. Раиси шаҳраки Консой Амир Муҳаббатов аз номи сокинон ҷиҳати натиҷаи баррасии муроҷиат ва таклифу дархостҳои қаблии аҳолии шаҳрак ба гурӯҳи корӣ изҳори сипосмандӣ кард. Зеро камбудию мушкилоти қаблан ҷой дошта маҳз бо дахолати НСМ бартараф шуда, талаботи сокинон қонеъ карда шудааст.
Ҳамчунин дар рафти ҷамъомад нозири минтақавии шаҳраки Консой капитани милитсия Авзалшо Давлатшозода оид ба вазъи криминогении минтақа, корбарии милитсия дар самтҳои пешгирии содиршавии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ҳисобот дода, аҳолиро ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ даъват намуд.
Сокинони шаҳраки Консой вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳифзи амнияту осоиштагӣ дар шаҳрак ба гуруҳи корӣ таклифу пешниҳодҳо карданд. Гузоштани аломатҳои роҳ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба гашту гузори чорво дар ҳудуди маъмурии шаҳрак, ташкили майдони варзишӣ барои ҷавонон аз ҷумлаи он буд.
Дар идома, арзу муроҷиати шаҳрвандон бо истифода аз имкониятҳои НСМ қабул карда шуд. Дар шаҳраки Консой гуруҳи корӣ 7 муроҷиати шаҳрвандонро қабул карданд, ки ба масъалаҳои шахсиву ҷамъиятӣ мансубият доранд.
Давоми рӯзи 23 август фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия дар ҳудуди шаҳраки Чоруқдарон ба роҳ монда шуд. Нақлиёти хизматӣ дар кучаҳои сераҳолии шаҳрак қарор гирифта гуруҳи корӣ бо шаҳрвандон суҳбатҳои профилактикӣ анҷом доданд. Дар раванди корбарӣ 3 муроҷати шаҳрвандон қабул карда шуд. Ташкили марказҳои забономӯзӣ, толору тамрингоҳҳои варзишӣ ва гузоштани терминалҳои бонкӣ дар ҳудуди шаҳрак аз дархостҳое буд, ки сокинон барои мусоидат кардани он хоҳиш карданд.
Ёдрас мешавем, ки фаъолияти НСМ усули боз ҳам наздик созандаи милитсия бо ҷомеа мебошад. Дар рафти баргузории амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ”, ки милитсияи Суғд мунтазам мегузаронад истифода аз имкониятҳои Нуқтаи сайёри милитсия шароитеро фароҳам меорад, ки арзу муроҷиати аҳолӣ дар ҷойҳо шунида шавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.




























