Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти 13 нафар қиморбоз дар шаҳри Хуҷанд

Бо гирифтани ахбороти оперативӣ ва коркарди он кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд як ҳолати ташкили қиморхона дар манзили истиқоматиро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ошкор намуданд. Санаи 21 август  шаҳрвандон;
- Ахмедов Ҷамшед Бурҳонович, соли таваллудаш 1978 истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт;
- Ҷӯраев Валиҷон Неъматович, соли таваллудаш 1990 истиқоматкунадаи ноҳияи Зафаробод;
- Орифов Обидҷон Олимҷонович, соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд; 
- Болтубоев Баҳриддин Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд;
- Одинаев Зуҳриддин Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод;
- Тоҳиров Икром Ҷалолович, соли таваллудаш 1979 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд;
- Мирзоев Нуриддин Ниёзалиевич, соли таваллудаш 1974 истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод;
- Кучаков Кучмурод Равшанович, соли таваллудаш 1979 истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод;
- Қодиров Азимҷон Акбарҷонович, соли таваллудаш 1999 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд;
- Бойбобоев Шариф Рустамович, соли таваллудаш 1990 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд;
- Шомаҳмадзода Воҳид, соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ;
- Холботуров Акмалҷон Абдуалиевич,  соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров;
- Шарипов Муҳаммадҷон Дадобоевич, соли таваллудаш 1970 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бо маслиҳати пешакӣ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34  манзили истиқоматиеро муваққатан ба иҷора гирифта дар ҳайати гуруҳӣ давраи қиморбозӣ ташкил кардаанд. Усули анъанавии қиморбозӣ бо истифода аз қартаро ҷамъияти 13 нафара истифода бурда ба бозии бурдноки пулӣ машғул шудаанд. 
Ваколатдорони оперативии ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷамъияти қиморбозонро дар болои бозии саргармкунанда боздошт ва нисбати ҳар кадоми онҳо барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Парвандаҳои тартиб додашуда барои баррасӣ ва таъини ҷазо аз рӯйи тобеъият ба мақомоти суд ирсол карда шуд.
Ба фарзияи оперативӣ аксарияти дар давраи қиморбозӣ иштирок доштагон қиморбозони таҷрибадору ашадӣ мебошанд, ки аз суду зиёни ингуна бозиҳои саргармкунанда огаҳӣ доранд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

26.08.2025 16:11
77