Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
22-юми августи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната», Машрафзода Алишери Комилҷон, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, пиёдагард Сафаров Одил Амирхонович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Муъминобод, ки роҳи мошингардро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
23-юми августи соли 2025, тахминан соати 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Авенсис», Яминов Нурулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхқалъаи ноҳияи Хуросон бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Ҳасанов Хуршед Ҳаитович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Шаҳритус бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Авенсис» Яминов Н.Ф. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Ибрагимов Назир, соли таваллудаш 1949 ва Раҳматов Сайдаҳмад, соли таваллудаш 1948, сокинони ноҳияи Қубодиён ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири автомашинаи тамғаи «Тайота Авенсис» Мустафоқулов Ҳайдар, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи Қубодиён ва мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҳайдаров Расул Раҳимович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъд аз бархӯрд автомашинаҳои мазкур оташ гирифта, пурра сӯхта корношоям гардидаанд.
23-юми августи соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BYD», Дурманова Саодат Чориқуловна, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Н.Хусрав, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Арабхона аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Турақулов Аваз Бадалович, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
23-юми августи соли 2025, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи “ФҶ Крузер Тайота” Тағойбеков Мустафо Абдусаторович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Раҳматов Олимҷон Акбарович, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки роҳро аз тарафи чап ба самти рост убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Раҳматов О.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
23-юми августи соли 2025, тахминан соатҳои 16:00, ронандаи автомашинаи “Электромобил”, Ғафуров Иброҳим Маҳмасолиевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ҳаёти-нави ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Сатторова Шаҳноза Каримовна, соли таваллудаш 1993 ва духтари хурдсолаш Сатторова Ҳамида Раҳимҷоновна, соли таваллудаш 2023, сокинони ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Сатторова Х.Р. ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расида, Сатторова Ш.К. бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















