Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 28-сола барои ташкил намудани фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми августи соли 2025, тахминан соати 19:00, бо марди 41-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ноҳияи мазкур вохӯрда, занони 40, 32 ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуровро  ба ҳудуди  маҳаллаи Дати Амини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров бурда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳаё намуда, бар ивазаш ҳамчун ҳаққи хизмат 400 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.08.2025 8:27
34