Забон донистан ҷаҳон донистан аст
Бо мақсади таъмини фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарият ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарӯрӣ андешида шудааст.
Аз ҷумла, фармоиши Вазири корҳои дохилӣ “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, таҳти назорати Вазири корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.
Дар асоси талаботи фармоиши мазкур ва дастуру роҳнамоиҳои Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории мақомот, дарсҳои забони хориҷӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ дар машғулиятҳо иштирок мекунанд.
Ҷиҳати назорату санҷиш ва натиҷагирӣ аз рафти таълим, сатҳи забондонӣ ва муоширати кормандон бо забонҳои хориҷӣ - Комиссияи санҷиши сатҳи забондонӣ дар ҳайати муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал - майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Каримзода Э.Ҳ., сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал -майори милитсия Насуриён П.А., муовини сардори Раёсати нозиротӣ - ташкилии ВКД, полковники милитсия Қурбонзода В.Н., муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Ҳалимзода З.С., сардори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД, полковники милитсия Давлатшозода А., омӯзгорони фанҳои забони рӯсӣ ва англисии Академия, полковникҳои милитсия М.З, Зиёратшозода, Р.М, Мақсудзода ва ёрдамчии сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, полковники милитсия Миршамсзода М.Х, таъсис дода шуда, баъди гузашти марҳилаи аввал ҳайати ин комиссия санҷишҳои методию амалиро дар ин самт шуруъ намуданд.
Рӯзҳои 22-23-юми августи соли 2025 ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар ҳузури комиссия аз забонҳои русӣ ва англисӣ имтиҳон супориданд.
Ҳайати комиссия баҳри муайян кардани саводи забондонӣ тавассути саволномаи тестӣ ва муоширати мустақим аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ санҷиш гузарониданд.
Кормандон донишҳои назариявӣ ва маҳорати забондонии худро нишон доданд.
Минбаъд низ санҷиши омӯзиши забонҳои хориҷӣ идома ёфта марҳилаи навбатии машғулиятҳои забономӯзӣ оғоз меёбад.
Фаъолияти Комиссияи санҷиши сатҳи забондонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон идома дошта бо тартиби муайяншуда сатҳи забондонии ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба пуррагӣ санҷида хоҳад шуд.




















