Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

21-уми августи соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-Нива», Оқилов Исроил Исмоилович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Панҷакент-Айнӣ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба ҷуйбори (канали) обгузари деҳа чаппа шудааст. 
Дар натиҷа, Оқилов И.И. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Сайёдова Офтоб Дусталиевна, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

23.08.2025 8:29
30