Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ
21-уми августи соли 2025, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” дар ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ронандаи автомашинаи тамғаи “АЙОН”, Каримов Билол Абдулазизович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “ОПЕЛ-ЗЕФИРА”, таҳти идораи ронанда Оев Холмаҳмад Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шоҳмансур, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ҳаракат мекард, бархӯрда ба дохили дарё чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “АЙОН” Шарифзода Бадриддини Нуриддин, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















