Дастгир гардидани марди 30-сола бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми июли соли 2025 бо марди 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрда, ҷиҳати дар фермаи чорвои майдаи шохдор, воқеъ дар маҳаллаи Шурқули ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров барои нигоҳубин кардани чорво шартномаи шифоҳӣ баста, дар як моҳ маблағи ҳаққи кораш 3 ҳазор сомонӣ ҳамчун маош муқаррар кардаанд.
Баъдан гумонбаршаванда аз 25-уми июл то 7-уми августи соли 2025, 5 сар чорвои майдаи шохдор ва маҳсулоти хӯрокаи чорворо ба маблағи 20 ҳазору 301 сомонӣ фурӯхта маблағҳои мазкурро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















