Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо раиси ширкати Huawei дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ
22-юми августи соли 2025 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ган Сзянхуа - раиси ширкати Huawei дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳия ва татбиқи технологияҳои нав, рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зеҳни сунъӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак вобаста ба татбиқ намудани марҳилаи дуюми лоиҳаи "Шаҳри бехатар", васл кардани барномаҳои нав, шинохтани чеҳра, муайян кардани рақами қайди давлатии воситаҳои нақлиёт ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сипас дар доираи вохӯрӣ тарафҳо ба тафоҳум расиданд, ки дар ин замина омодаанд мутахассисони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бозомӯзӣ намоянд.
Дар хотимаи вохӯрӣ таъкид гардид, ки муколамаи пурсамар байни ширкати Huawei ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт мусоидат хоҳад кард.




















