Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон аризаи зани 48-солаи сокини ноҳияи Хуросон ворид гардидааст, ки 29-уми июли соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба оғилхонаи манзили истиқоматиаш даромада, аз онҷо 4 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду ҷавони сокини ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 15-уми апрели соли 2025, тахминан соати 02:30-дақиқа, аз ҳуҷраи муваққатан истиқоматии марди 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз болои миз як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А5», арзишаш 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Баъдан аз ҳамёни электронии «Душанбе-Сити» 4 ҳазору 384 сомониро пинҳонӣ тассаруф намудааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 834 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















