Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуд

20-уми августи соли 2025, тахминан соати 10:40-дақиқа, дар дохили варзишгоҳи навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар партовҳои сохтмонӣ ва маишӣ сӯхтор ба амал омад. 
Фавран ба ҷойи ҳодиса 10 адад нақлиётҳои оташнишонӣ сафарбар карда шуд. Сӯхтор дар соати 11:00 дақиқа иҳота карда шуда, соати 11:20-дақиқа бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Дар натиҷаи сӯхтор ягон зарар ба қайд гирифта нашудааст.

20.08.2025 16:21
112