Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавобгарӣ барои ташкил намудани фоҳишахона

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 67-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҳамчун посбони осоишгоҳи ҶДММ “Авитсена”-и шаҳри Истаравшан фаъолият намуда, 17-уми августи соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, яке аз ҳуҷраҳои осоишгоҳи ҶДММ “Авитсена”-и шаҳри Истаравшанро ба зани 36 ва ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинси намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпули гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

20.08.2025 8:54
207