Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавононро далерӣ, зиракию нанг мезебад

Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои таълимии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, барои ба амал баровардани дастур ва он вазифаҳое, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба души он вогузор намудааст, масъул мебошад.  
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Вазорати корҳои доҳилӣ ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 150 нафар афсарон, прапоршикон ва сержантон фаро гирифта шуданд.
Дар ин давра бо мақсади амалӣ намудани фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ташкил намудани ҷамъомади таълимӣ - ибтидоии шунавандагони муассисаҳои олии ВКД Федератсияи Россия ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Маркази таълимӣ” ҷиҳати сифатнок, ба дараҷаи баланд омода намудан ва барои бомуваффақият идома додани таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии ВКД Федератсия Россия ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар моҳи августи соли ҷорӣ курси омӯзишӣ-таълимӣ ба роҳ монда шуд.
Дар Марказ шунавандагон бо ҳуҷра, ҷиҳози хоб, либоси низомӣ ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда шуданд. 
Дар Маркази таълимӣ ҳамаи шароити зарурӣ  барои гирифтани  таълимоти ҳарбӣ ва омодагии ҷисмонӣ муҳаё буда, тибқи нақшаҳои дарсӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи омӯзгорон ба онҳо дарсҳои забони русӣ, машғулиятҳои илмӣ-назариявӣ ва амалияи сафороӣ гузаронида шуданд. 
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша ба раванди омодагии касбӣ, ҷисмонӣ, худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шунавандагон ва кормандони курсҳои бозомӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар Маркази таълимӣ дар муддати 20 шабонарӯзи омӯзишӣ, аз 1-ум то 20-уми август шунавандагон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии ВКД Федератсияи Россия ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон омода карда шуданд.
Баҳри иҷрои ин рисолати пуршараф, яъне тарбиятгарӣ саҳми устодону омӯзгорон ва афсарони Маркази таълимӣ назаррас буда, онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва муносибати ғамхорона нисбат ба шунавандагон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон пайваста кӯшишу талош меварзанд.

18.08.2025 14:28
44