Ба амал омадани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
17-уми августи соли 2025, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Атеро» Маҳмудов Манучеҳр Ҳакимович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар мавзеъи Боғи Муроди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба битони иҳотави канори роҳи мазкур бархурда, ба дохили дарёи «Фондарё» сарозер гардида, ғарқ шудааст.
Барои дарёфт намудани ҷасади ронанда Маҳмудов М.Ҳ. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
18-уми августи соли 2025, тахминан соати 00:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Ашка», Файзиев Абдуманон Қутузбоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Ю.Гагарин аз самти гардиши «Ракета»-и маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «BYD», таҳти идораи ронанда Ибрагимов Муқимҷон, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бархурдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Ашка», Рузиев Абдурозиқ Абдувоситович, соли таваллудаш 1995, Юсупов Муҳаммадҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 1996, Умурзоқов Музаффар Маъруфович, соли таваллудаш 1996 ва Алиев Абдуллоҷон Абдуҳакимович, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров аз ҷароҳати ҷисмонии бардошташон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, ронандагон Файзиев А. ва Ибрагимов М. ва дигар мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Ашка», Абдуразоқова Меҳрона Ихтиёровна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистари гаштаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















