Пахши ду пиёдагард дар шаҳри Ваҳдат
15-уми августи соли 2025, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес бенс”, Аброров Бахтиёр Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Ваҳдат” аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар пиёдагард Шарбатов Иброҳим Ҷурақулович, соли таваллудаш 1996 ва Наскаков Амриддин Амруллоевич, соли таваллудаш 2003, сокинони шаҳри мазкурро бо қисмати пеши автомашина пахш намудааст.
Дар натиҷа Шарбатов И.Ҷ. ва Наскаков А.А. ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















