Дастгир гардидани ҷавони 25-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми августи соли 2025, тахминан соати 16:30 дақиқа, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе дар дохили автомашинаи мусофиркашонии худ тамғаи “BYD”, бо мусофир ҷавондухтари 23-солаи сокини пойтахт шиносои пайдо намуда, ба ӯ ваъда додааст, ки ба курси 3-юми Коллеҷи тибби Ҷумҳуриявӣ, ки қаблан аз онҷо хориҷ шуда будааст барқарор мекунад.
Минбаъд 3-юми августи соли 2025, бо баҳонаи он, ки ҷабрдидаро бо декани Коллеҷи тиббӣ шинос мекунад ӯро ба меҳмонхонаи “Авесто”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ бурда дар дохили меҳмонхона гумонбаршаванда ҳамчун пешпардохт барои барқарор кардан дар Коллеҷи тиббӣ аз ҷабрдида 1 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ пешниҳоди алоқаи ҷинси карданро мекунад.
Сипас ҷабрдида дарк мекунад, ки гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ва бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвониаш ӯро ба меҳмонхона оварда, алоқаи ҷинсиро рад мекунад.
Дар навбати худ гумонбаршаванда бо мақсади таъмаҷӯӣ ба ҷабрдида мегӯяд, ки ба меҳмонхона даромадани ӯро сабти навор кардааст, ва ин наворро дар шабакаҳои интернетӣ паҳн мекунад. Барои паҳн накардани навор аз ҷабрдида 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
12-уми августи соли 2025, ҷабрдида аз тарси вайрон шудани оилааш дар назди Маркази савдои “Саодат” бо гумонбаршаванда вохӯрда 10 ҳазор сомониро оварда додааст. Гумонбаршаванда аз ин маблағҳои пулии гирифтааш қонеъ нагардида санаи 13-уми августи соли 2025, тавасути барномаи “Вотсап” ба ҷабрдида худро корманди милитсияи муарифӣ намуда, аз ӯ боз 15 ҳазор сомонӣ талаб намуда фармудааст, ки маблағҳои пулиро ба назди бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе биёрад.
Ҷабрдида аз тарси вайрон шудани оилааш бо мақсади қатъ намудани алоқаи мобилӣ бо гумонбаршаванда симкорташро шикаста, рақамҳои телефони худро иваз мекунад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















