Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад…
Дар толори маҷлисгоҳи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, гурӯҳи ҷавонони фаъоли "Пешоҳанг" ва устодону толибилмони ин муассисаи таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро муовини директори муассисаи таълимӣ Асомиддин Элчибеков ифтитоҳ бахшида, зикр сохт, ки бояд наврасону ҷавононро ба корҳои ободкориву созандагӣ раҳнамун сохта, дар тарбияи ҳаматарафаи онҳо нақшгузор бошанд, чунки ин масъулияти асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Сардори Маркази матбуоти ВКД, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ дар боби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ - одобу ахлоқ баромад намуда, аз эҷодиёти аҳли адаб чандин шеъру ҳикояҳои панду ахлоқиро ба ҳозирин қироат кард. Ӯ ҳамчунин дар бораи ифротгароӣ, ки нафақат ҷомеаи моро фаро гирифтааст, балки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст, андешаҳои худро баён намуд.
Дар рафти ин вохӯрӣ сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Баширхон Иброҳимов доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе маълумот дод.
Ҳамчунин, сардори ин бахш дар ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, подполковники милитсия Рустам Холзода ҷиҳати иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳудуди ноҳияи мазкур суханронӣ намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони фаъоли "Пешоҳанг" Саидҷамол Муродов андешаҳояшро нисбат ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баён намуда, зикр сохт, ки ҳар ҷавоне, ки имрӯз саҳми худро дар ҷомеа мегузорад, аллакай ӯ аъзои «Пешоҳанг» аст.
Дар охир аз хонандагони ин муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварда шуд, ки пайи омӯхтани илму маърифат ва одобу ахлоқи ҳамида бошанд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ