Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
14-уми августи соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Сайматов Беҳзод Баҳодурович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ба самти ҷамоати шаҳраки Меҳробод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкури ноҳияи Ҷ.Расулов бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони тамғаи «Велосипед»-ро Каримов Шарифҷон Раҳматҷонович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарон Каримов Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми августи соли 2025, тахминан соати 22:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Шамшод Тоҷиддинзода, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Левакант воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шайманов Абдулло Сафарович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Вахшро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Шайманов А.С. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
15-уми августи соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Карола-Версо”, Сафолов Сайдаҳмад Алимаҳмадович, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рашт дар ҳудуди шаҳри Роғун ба самти муқобили ҳаракати роҳ гузошта ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеаги эҷод намудааст, ки дар ин маврид автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, таҳти идораи Назриев Хизирали Ҷумаевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ки аз самти ноҳияи Рашт ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман” бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ” Назриев Х.Ҷ. ва мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Қамаров Субҳон, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри Роғун дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофири дигари автомашинаи мазкур Камолова Ҳуснигул Сафарбековна, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Тоҷикобод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















