Ноболиғи 16-сола даст ба дуздӣ зад
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки санаи 11-уми августи соли 2025, тахминан соати 04:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ қулфи дари мағозаашро шикаста аз он ҷо як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 13 про макс” арзишаш 10 ҳазор сомонӣ як адад соати дастии тамғаи “Хулбот” арзишаш 20 ҳазор сомонӣ ва маблағӣ 20 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳодсаи мазкур тафтишот идома дорад.















