Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгири аз савдои одамон ҳадафи мост!

12 августи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ, бо ташабуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои талаботи “Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон барои солҳои 2025-2027”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, чорабинии иттилоотӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии иттилоотӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ, директорони МТМУ-ҳои мудирони кӯдакистонҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ, аҳли ҷамоатчигӣ, масъулини ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва намояндаи дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе - дар умум 185 нафар иштирок доштанд.
Мақсади баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маълумоти масъулини соҳаи маориф вобаста мафҳум ва пешгирии савдои одамон мебошад.
Дар рафти чорабинӣ сардори Шуъбачаи мубориза зидди хариду фурӯши одамони ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҳабибзода Рамазон Ҳабиб ва сардори ШММЗҶМ дар гурӯҳи ноҳияҳои Панҷакенти ШММЗҶМ РМҶЗМ ВКД дар вилояти Суғд, майори милитсия Каримзода Фарҳод Латиф вобаста ба хатари ҷиноятҳои самти савдои одамон дар назди ҳозирин баромад карданд.
Тавре дар ин чорабини зикр шуд мақсад аз доир намудани ингуна вохӯри ва суҳбатҳо ин пеш аз ҳама муборизаи дастҷамъона бурдан бар зиди ин гуна амалҳои номатлуб миёни ҷомеа мебошад. Ҳамзамон мову шуморо зарур аст, ки баҳри пешгирии ин амалҳои ношоиста бе таваҷҷуҳ набошед.
Баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.

15.08.2025 8:58
55