Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду пиёдагард бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

13-уми августи соли 2025, тахминан соати 00-20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Некси”, Холмуродов Нуриддин Сафармаҳмадович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада пиёдагард, Воҳидов Мустафо Ғафорович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. 
Дар натиҷа пиёдагард, Воҳидов М.Ғ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
13-уми августи соли 2025, тахминан соати 08:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Вилинг”, Мардонов Фаридун Раҷабович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе аз самти кӯчаи Зафар ба самти кӯчаи Б.Ғафуров дар рӯ ба рӯи бинои Сафоратхонаи Ҷумҳурии Узбекистон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷинсаш мард, тахминан 40-45 сола, ки роҳро аз ҷойи муайяншуда нисбат ба самти рости ронанда убур менамуд, пахш кардааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, ба беморхона дастрас карда шуда, аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

14.08.2025 8:21
33