Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз
12-уми августи соли 2025, тахминан соатҳои 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Зайниддинов Сафармаҳмад Мирмаҳмадович, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара дар дохили Нақби Шар-Шар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Комбо”, таҳти идораи Мардонов Умед Раҳмонқулович, соли таввалудаш 2000, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Зайниддинов С. М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Комбо” Мардонов У.Р. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
12-уми августи соли 2025, тахминан соатҳои 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерсседес-Бенс”, Эгамбердиев Аслиддинҷон Камолиддинович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда ронандаи дучархаи барқии (скутер) ноболиғ Хусанов Мењрубон Файзалиевич, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи мазкур, ки аз тарафи чапи роҳ ба тарафи рости роҳ мегузашт пахш кардааст.
Дар натиља ноболиғ Хусанов М.Ф. дар ҷойи ҳодиса ба њалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқтқот идома дорад.
















