Бо роҳи қаллоби ба даст овардани маблағи пуллӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 48-солаи сокини шаҳри Конибодом муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2025, мардони 42 ва 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “RANG ROVER SPORT 3/0 TD” соли бароришаш 2024-умро ба арзишиши 87 ҳазор доллари амрикоӣ ғайри нақди гирифта ваъда додаанд, ки мабалғашро дар муҳлати 45-шабонарӯз бармегардонанд, аммо аз ин маблағ 30 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида боқимонда маблағ 57 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














