Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми августи соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як адад ҷавоҳироти тиллоӣ ва 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

13.08.2025 8:42
115