Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАЛАСАИ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДОИР ГАРДИД

Тибқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии назди ШВКД дар шаҳри Истаравшан барои нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои вилоятии милитсия, намояндагони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ШВКД дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар таҳкими робитаи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва саҳми он дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ суханронӣ кард. Раиси Шӯро доир ба фаъолияти шӯро дар нимсолаи аввали соли 2025 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 20 мулоқоту вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо баргузор гардида, 5 аксияи фаҳмондадиҳӣ, 2 мизи мудаввар, 2 семинари омӯзишӣ ва паҳн кардани варақаҳои таблиғотӣ амалӣ гардидааст.
Аъзои Шӯро дар давоми нимсолаи гузашта ба баррасии масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон ва таҳкими ҳамкории ҷомеа бо милитсия диққати махсус додаанд.
Барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби баромадкунандагон дастурҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Ҷаласа дар фазои ҳусни тафоҳум ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории самарабахш иброз доштанд.

12.08.2025 19:01
56