Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
11-уми августи соли 2025, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Муродов Муродалӣ Менгбобоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Камолзода Исфандиёр Исуфалӣ, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамзамон мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди тахминан 55-сола шахсияташ номаълум ҳангоми ба беморхона дастрас кардан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
11-уми августи соли 2025, тахминан соти 09:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Султонмуродов Хайрулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат дар километри 269-уми роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи скутераш набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Раҷабов Барот Муҳамадиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Истаравшан бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи Скутерро автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», таҳти идораи Шодиев Дилшодҷон Собирович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард пахш кардааст.
Дар натиҷа ронандаи дучарха Султонмуродов Х.Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми августи соли 2025, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Абдуллоев Наврӯз Исломиддинович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхқалъаи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идора автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Азизова Зуҳро Маҳмдалиевна, соли таваллудаш 2016, модараш Азизова Бибисофия Тағойалиевна, соли таваллудаш 1979 ва холааш Гадоева Бибираҳима Қурбонмуродовна, соли таваллудаш 1987, сокинони ноҳияро пахш намудааст, ба боркунаки фронталии тамғаи “LC-918”, мутааллиқ ба Шомардонов Ҷунайдулло Маҳмаднуриддинович, сокини ноҳияи Хуросон, ки дар канори рости берун аз роҳи автомобилгард таваққуф намуда буд бархурдааст.
Дар натиҷа пиёдагардон ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона дастрас карда шудаанд, ки ноболиғ Азизова З.М. бинобар гирифтани ҷароҳатҳои вазнин ба саломатӣ ба ҳалокат расида, Азизова Б ва Гадоева Б баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштан ҷавоб дода шуданд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аванте”, Абдуллоев Наврӯз Исломиддинович, ҳангоми ба боркунаки фронталии тамғаи “LC-918” бархурдан, баъди гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофиронаш Ҷумаева Гулширин, соли таваллудаш 1977, Кавраков Юсуф Ҳусейнович, соли таваллудаш 1991, Раҷабова Гулсара, соли таваллудаш 1957 ва марди шахсиаташ номаълум тахминан 40-сола ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















