Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 60-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми августи соли 2025, шахсони ноъмалум аз дохили автомашинаи шахсиаш, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб беназорат меистод 2 ҳазору 350-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ашт содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















