Дастгир гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан, пеш бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 21-уми июли соли 2025, тахминан соати 21:00, дар ҳудуди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд, ҳолати алоқаи чинсӣ кардани ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкурро ба навор гирифта, баъдан худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифи намуда, бо таҳдиди ифшои ин навори беобрӯкунанда бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт бо роҳи таъмаҷуӣ 1-адад ангуштарини тиллоӣ занона арзишаш 2 ҳазору 200-сомонӣ ва 600-сомонӣ гирифтааст.
Сипас 22-юми июли соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ба назди ҷабрдида ба беморхонаи мазкур рафта, ҷабрдидаро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба меҳмонхона бурда, алоқаи ҷинсӣ карда, 3 ҳазор сомонӣ маблағи пулиашро гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















